Забони курс
Тоҷикӣ ‎(tg)‎
Вақт лозим
3 соат
Навъи курс
Онлайн
Пардохти курс
Бепул
Дастрасӣ ба курс
Барои бақайдгирӣ кушода

Қоидаҳои савдои байналмилалӣ

Ин модул шарҳи қоидаҳои савдои байналмилалӣ ва созмонҳоеро дар бар мегирад, ки дар таҳия, татбиқ ва идоракунии онҳо иштирок мекунанд. Модул ҳадафҳои асосии қоидаҳои савдои байналмилалӣ, манфиатҳои риояти онҳо ва ниҳодҳои мухталиферо, ки онҳоро иҷро мекунанд, баён мекунад. Дар баробари ин, ба таъсири онҳо ба содиркунандагон диққати махсус дода мешавад. Дар охир, мафҳуми «осонгардонии расмиёти тиҷоратӣ» ва савол дар бораи он баррасӣ мешавад, ки чаро мусоидат ба тиҷорат барои корхонаҳои хурду миёна, ки ба фаъолияти тиҷорати хориҷӣ машғуланд ё ба нақша гирифтани чунин фаъолиятҳо муҳим мебошад.

Пас аз хатми ин курс иштироккунандагон метавонанд:

Арзёбӣ кунанд, ки чаро қоидаҳо дар савдои байналмилалӣ заруранд ва баъзе принсипҳои асосиро муайян кунанд, ки тавассути онҳо ин қоидаҳо таҳия ва татбиқ мешаванд.
Қоидаҳои гуногунеро арзёбӣ кунанд, ки содиркунандагон барои бартараф кардани душвориҳои марбут ба иштирок дар савдои байналмилалӣ истифода мебаранд.
Фарқи байни тарифҳо, чораҳои ғайритарифӣ ва монеаҳои ғайритарифиро бидонанд ва баъзе стратегияҳоро барои кам кардани таъсири монеаҳои ғайритарифӣ ба фаъолияти соҳибкории онҳо муайян намоянд.

Сертификатсияи курс

Ба иштироккунандагоне, ки ба талаботҳои курс мувофиқат мекунанд, шаҳодатномаи хатми курс дар формати электронӣ дода мешавад.

Сохтори курс

  • Вазифаи 1 Чаро қоидаҳои савдои байналмилалӣ вуҷуд доранд?
  • Вазифаи 2 Кадом қоидаҳо дар савдои байналмилалӣ заруранд?
  • Вазифаи 3 Созишномаҳои тиҷоратӣ чӣ нақш доранд?
  • Вазифаи 4 Монеаҳои ғайритарифӣ чист ва чӣ гуна онҳоро коҳиш додан мумкин аст?