Забони курс
Тоҷикӣ ‎(tg)‎
Вақт лозим
3 соат
Навъи курс
Онлайн
Пардохти курс
Бепул
Дастрасӣ ба курс
Барои бақайдгирӣ кушода

Раванди содирот

Ин модул маълумоти муқаддимавӣ дар бораи раванди содиротро барои содиркунандагони Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунад. Саволҳое, ки мо рӯи онҳо кор хоҳем кард, аз зерин иборатанд: Содирот аз тиҷорати дохилӣ чӣ фарқ дорад? Кадом ташкилотҳо дар раванди содирот иштирок мекунанд ва онҳо чӣ нақш доранд? Кадом намудҳои ҳуҷҷатҳо истифода мешаванд ва чаро дурустии онҳо муҳим аст? Ҳангоми содирот чӣ гуна хавфҳо вуҷуд доранд?

Пас аз хатми ин курс иштироккунандагон метавонанд:

4 марҳилаи раванди содирот ва иштироккунанадагони гуногуни амалиёти содиротро тавсиф кунанд.
Навъҳои гуногуни шартномаҳоеро, ки ҳангоми анҷоми амалиёти содироти мол истифода мешаванд, арзёби намуда, ҳадафҳои онҳоро (таъинот) муайян намоянд.
Хавфҳои гуногуни марбут ба амалиёти содиротӣ ва роҳҳои коҳиш додани онҳоро аз ҷониби содиркунанда муайян намоянд.
Сабабҳоеро муайян намоянд, ки чаро ҳуҷҷатгузорӣ дар тиҷорати байналмилалӣ (муомилоти байналмилаӣ) истифода мешавад ва арзёбӣ намоянд, ки ҳангоми истифодаи чунин ҳуҷҷатҳо чӣ метавонад ғайри қобилӣ рух диҳад.

Сертификатсияи курс

Ба иштироккунандагоне, ки ба талаботҳои курс мувофиқат мекунанд, шаҳодатномаи хатми курс дар формати электронӣ дода мешавад.

Сохтори курс

  • Вазифаи 1 Раванди содирот ва иштироккунандагони ба он ҷалбшуда
  • Вазифаи 2 Хатарҳои марбут ба содирот
  • Вазифаи 3 Шартномаҳое, ки дар амалиёти савдои хориҷӣ барои содирот истифода мешаванд
  • Вазифаи 4 Гирифтани ҳуҷҷатҳои дуруст