Забони курс
Тоҷикӣ ‎(tg)‎
Вақт лозим
3 соат
Навъи курс
Онлайн
Пардохти курс
Бепул
Дастрасӣ ба курс
Барои бақайдгирӣ кушода

Талаботи бозори Иттиҳоди Аврупо

Ин модул маълумоти муқаддимавӣ дар бораи талаботи бозори ИА барои содиркунандагони Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунад. Баъзе саволҳое, ки мо баррасӣ хоҳем кард, инҳо мебошанд: Имконияти тиҷорат бо ИА то чӣ андоза бузург аст? Кадом намуди тарифҳоро шумо бояд интизор бошед? Кадом қоидаҳои бозор дар ИА вуҷуд доранд ва аз куҷо дар бораи онҳо бештар маълумот гирифтан мумкин аст? Омодагӣ ба содирот ба ИА то чӣ андоза мушкил аст?

Пас аз хатми ин курс иштироккунандагон метавонанд:

Мушкилоти марбут ба содирот ба ИА-ро муайян кунанд.
Стандартҳои асосиеро муайян кунанд, ки ба онҳо намудҳои гуногуни маҳсулотӣ ба Иттиҳоди Аврупо бояд мутобиқат намоянд.
Фаҳмидани талаботи асосӣ барои гирифтани имтиёзҳои GSP.
Бо ташкилотҳои дахлдор тамос бигиранд ва ҷиҳати омода шудан барои содирот бо ИА ба махзани иттилоотии калидӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Сертификатсияи курс

Ба иштироккунандагоне, ки ба талаботҳои курс мувофиқат мекунанд, шаҳодатномаи хатми курс дар формати электронӣ дода мешавад.

Сохтори курс

  • Модули 1 Арзёбии мушкилот ва имкониятҳои тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо (ИА)
  • Модули 2 Истифода аз бартариятҳои низоми умумии имтиёзҳо дар тиҷорат бо ИА
  • Модули 3 Иҷро кардани талаботҳои содиротии Иттиҳоди Аврупо
  • Модули 4 Омодагӣ ба содирот ба ИА